ҒОЛИБИЯТИ НАВБАТИИ ДАСТАИ ОЛИМПИИ ДОНИШГОҲ ДАР АРАФАИ РӮЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

296

Санаи 8 декабри соли равон бори аввал дар Тоҷикистон аз ҷониби БРСММ (UNDP) “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат” дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи БРСММ (UNDP) “Дастгирии таҳсилоти ҳуқуқии занон дар Тоҷикистон” Бозии кории судии соли 2023 дар ҳошияи “Рӯзи ҳуқуқи инсон” баргузор гардид.

Дар озмун дастаҳо аз 5 донишгоҳҳои кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва Донишгоҳи давлати Данғара ширкат варзиданд. Озмуни мазкур бо иштироки коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дастаи олимпии донишгоҳ маҳорати хубро нишон дода ғолиби ин озмун гардиданд. Бояд ёдовар шуд, ки асосноккунии хатти донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланди мантиқӣ эҷод гаштаву ба тамоми талаботҳои озмун ҷавобгӯ буд. Маҳз бо назардошти ҳамин нуқта асосноккунии хаттии донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори якдилонаи доварон ғолиби номинатсияи “Беҳтарин асосноккунии хаттӣ” гардида, ғолиби Ҷоми озмун гардид.

Ҳамзамон, аъзоёни дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар рафти озмун ширкати фаъолона доштанд, бо Сертификат ва дигар туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти озмун сарфароз гардиданд.

Субҳи имрӯз, ректори донишгоҳ, муҳтарам Хушвахтзода Қ.Х. бо ғолибони озмун мулоқот намуд. Ректори донишгоҳ аз дастоварди навбатии донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ хуш истиқбол намуда, онро туҳфаи арзандае дар арафаи “Рӯзи ҳуқуқи инсон” эътироф намуданд.

Ҳамзамон, такид карданд, ки барои ноил гардидан ба дастовардҳои наву назаррас дар оянда низ саъю талошҳои зиёд бояд кард.