Чанде қабл дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон намояндагони сохторҳои гуногуни Тоҷикистон ба Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Остона (Astana IT University), Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд. Дар ин ҳайат Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро сардори раёсати инноватсияи донишгоҳ Машрабзода Ҳамидулло намояндагӣ мекард.
Дар зимн вохӯрии роҳбарияти донишгоҳи мазкур бо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, доир ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳо табодули афкор намуданд. Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз боздид ва мулоқот бо масъулини Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Остона табодули таҷриба дар соҳаи технологияҳои нав буд.
Дар ҷараёни сафар боздиди намояндагони Тоҷикистон аз лабораторияҳои замонавӣ ва китобхонаи илмии донишгоҳи мазкур сурат гирифт. Ҷонибҳо, аз ҷумла Донишгоҳи миллӣ, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти технологияи нав бароии бастани ёддошти тафоҳум ба мувофиқа расиданд.