Имрӯз (20.12.2023) тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати ДМТ курси таълимии навбатии “Сарварони сиёсӣ” бо иштироки доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар баргузор гардид. Маҳфил бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба тарбия Имомова Н.М. оғоз шуд.
“Мактаби давлатдорие, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфт, анъанаҳои неки гузаштагон, амалияи имрӯзи давлатдорӣ ва идоракуниро дар шароити муосир ба ҳам овардааст. Бо гузашти марҳилаи муайяни таърихӣ, ки воқеияти иҷтимоию сиёсӣ комилан дигаргун гашт, эътирофи ҷомеа ба ташаккули арзиши нави сиёсӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат гардид.”- қайд намуд Хидирзода М. У..
Зимнан гуфта шуд, ки ватандӯстӣ, меҳандӯстӣ, ватанпарварӣ — принсипи ахлоқию сиёсӣ ва ҳисси иҷтимоӣ, мазмуни аслиаш меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан ва омода будани инсон ба боло гузоштани манфиатҳои ӯ аз манфиатҳои шахсии худ мебошад. Ватандӯстӣ муносибати ҳиссӣ нисбат ба Ватан буда, дар хидмат кардан ба Ватан ва муҳофизат намудани он ифода меёбад.
Мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан бар арзишҳои олии кишвар аз ҷумлаи мавзӯъҳои муҳимми раванди таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, тадриси он вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар робита ба ин масъала Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижа дорад ва таълими ин масъала дар тамоми сохторҳои илмию таълимӣ, ба роҳ монда шудааст. Хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳои ҷумҳурӣ, ҳимояти марзу буми кишвар ва нигоҳ доштани оромиву осудагии мамлакат низ аз худшиносӣ, худогоҳӣ ва садоқат ба давлату миллати ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.
Дар анҷоми маҳфил миёни иштирокчиёни курси мазкур ва меҳмон суолу ҷавоб вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва ҷалби ҷавонон ба зинаҳои роҳбарикунанда сурат гирифт.
Ашуралиева Шахзода