Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».
Тарбияи ҷавонон аз ҷумлаи афзалияти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Тарбияи ҳуқуқӣ як намуди тарбияи умумӣ буда, дар роҳи амалигардонии маърифати ҳуқуқӣ ду вазифаи асосиро иҷро менамояд:
а) ба тарбиягирандагон (ҷавонон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ) додани донишу малакаи ҳуқуқӣ;
б) нерумандгардонии идеяҳо (ғояҳо), боварҳо, эътимод, дарку эҳсоси равонӣ дар шуури ҳуқуқии ҷавонон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар роҳи садоқат ба Ватан, Пешвои миллат, мардум, давлатмеҳварӣ, ҳимояи марзу бум, ҷавонмардӣ ва амсоли инҳо.
Дар замони Истиқлолият ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ба ҳайси ҳадафи муҳимтарини дигаргуниҳои куллии пайгирона дар Тоҷикистон идома ёфта, раванди амалигардонии ин ҳадаф дар ҷомеаи муосири тоҷикон ба густариши низоми сиёсӣ-ҳуқуқии он дар матнҳои бунёдии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шакли муайян даровардаву таҳким бахшида шуда, ба пешрафти маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъсир гузошт.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳаммияти хоса пайдо менамояд, ки имконпазиран нухбагони зеҳнӣ ва маънивии ояндаи ҷомеа мебошанд.
Дар солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои бунёдии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла, Конститутсия, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегарданд.
Бо назардошти ин дар ин соҳа тадбирҳои судманд маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ амалӣ шуданд.
Тарбияи ватандӯстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 барномае қабул намуд, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ буд. Бо назардошти тақвият бахшидани ин ҷода ва бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005» қабул шуд, ки бо иҷрои он якчанд корҳои судманд дар ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Пеш аз ҳама, бояд сари ин проблема андеша намоем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».
Аз ҷумла, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» тасдиқ шуд. Дар назди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон вазифаҳое гузошта шуданд, ки иҷрои он барои таҳкими Истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳаммияти калон дошт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони ҷумҳурӣ 21 майи соли 2005 чунин иброз доштанд: «Ба андешаи ман, одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо давоми даҳ-дувоздаҳ соли охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дар байни онҳо торафт густариш меёбад, ки ин боиси қаноатмандӣ аст. Мо бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат ва умедворкунанда арзёбӣ намоем ва ба тавсеаи он мусоидат намоем».
Роҳбарияти давлату Ҳукумат дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ ва грантҳои ҳукуматӣ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон таъсис дода шуданд.
Самти фаъолият дар ин масъала дар паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардиданд. Тавре ки Сарвари давлат таъкид намуданд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд».
Қабули барномаи ишорашуда ва амалӣ намудани он бетарафии ҷомеаро нисбат ба тақдири ҷавонон рафъ намуда, масъулияти онҳоро дар пешрафту шукуфоии мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар гардонид.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012 «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» тасдиқ шуд. Он дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011 баён гардидаанд, бо мақсади такмили низоми тарбия дар Тоҷикистон, дастгирии соҳаи таълиму тарбияи насли наврас, муҳайё сохтани шароит барои беҳтар намудани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаи доимӣ байни падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия гардида буд.
Аҳаммияти беназири ин қонуни миллиро, ки соли 2011 дар таърихи қонунгузории мамлакат бори аввал таҳия ва қабул гардид, дар болоравии масъулияти волидон, оила ва муассисаҳои таълимиву ҷомеа дар тарбияи фарзанд, насли наврасу ҷавон нақши бориз мебозад, махсус таъкид сохтан хеле бамаврид аст. Ин қонун масъулияти падару модар барои дар руҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзандро муқаррар менамояд.
Мақсади асосии Барномаи давлатии тарбияи насли наврас аз баланд бардоштани сатҳи тарбияи ин қишри ҷомеа, тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар руҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани хонандагону донишҷўён, эҳтиром нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои дастгирӣ, сарпарастӣ ва тарбияи насли наврас, таъмини маҷмуи тадбирҳо ҷиҳати ҷалби аҳли ҷомеа ба масъалаҳои тарбия, ба роҳ мондани низоми корҳои тарбиявӣ бо аҳли ҷомеа, бунёди заминаи илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ кардани ҳодиса ва рафторҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ иборат мебошанд.
Зимни татбиқи ин барнома тадбирҳои зерин амалӣ шуданд:
— таҳкими низоми тарбияи насли наврас, такмили стандартҳои таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми тарбия дар ҷомеа дар асоси анъанаҳои миллӣ;
— ташаккул ва тақвияти вазифаву уҳдадориҳои мутақобилаи оила ва муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ, иртиботи муассисаи таълимӣ бо оила ва муносибати боэҳтиромонаи падару модарон, омўзгорон ҷиҳати донишандўзӣ, хушахлоқӣ, тавоноӣ ва неруи ақлониву маънавии фарзандон;
— таҳия ва татбиқи барномаҳои махсус оид ба рушди зеҳнии насли наврас ва тарзи ҳаёти солими онҳо;
— ҷорӣ намудани усул ва шаклҳои нави низоми тарбияи насли наврас дар шароити муосир;
— таъмини ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, таҳсилоти махсус, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас;
— ташаккули андешаву шуури миллӣ, гиромидошти анъанаҳои умумибашарӣ, ҳисси ватанпарастӣ, зеҳни солиму ақли расо, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла пиндор, гуфтор ва рафтори нек;
— ташвиқ ва тарғиби пандномаи ахлоқии ниёгон, таҳаммулпазирӣ, муомилаву муошират ва фазилатҳои писандидаи инсонӣ;
— ба роҳ мондани тарғибу ташвиқот аз тариқи воситаҳои ахбори омма ҷиҳати рушду ташаккули тарбияи насли наврас дар шароити муосир;
— таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ва рафторҳои номатлуб байни ҷавонон;
— беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани таъминоти илмию методии раванди тарбия;
— тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ, ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати татбиқи навгониҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тарбия.
Дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон мебошад. Бо андешаи он ки қувваи асосии ҷисмонии мамлакатро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба онҳо мувофиқи мақсад аст.
Яке аз чунин афзалият ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Зарурати ташаккули ин сиёсат дар Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ тақозои замон ба шумор меравад. Дар мадди аввал қарор додани инсон ва захираҳои инсонии давлат хусусияти хоси ин сиёсат маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон, ки аз назари ҷуғрофӣ пайваста рушд менамояд ва беш аз 70 дарсади аҳолии онро насли ҷавон ташкил медиҳад, татбиқи ин сиёсат дорои аҳаммияти бузург аст.
Мавҷуд будани омилҳои номатлуб дар байни насли ҷавон, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурўши инсон ва танфурўшӣ ҳаёти ҷамъиятиро халалдор намуда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид менамоянд. Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон яке аз зуҳуроти асосии пешгирии ин омилҳои номатлуб дар ҳаёти ҷавонон мебошад.
Дар ҷаҳони муосир гузаштан ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, аз як тараф, тақозои замон буда, рушди иқтидори технологиву иттилоотии мамлакатро таъмин намояд, аз тарафи дигар, истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотӣ ба мақсадҳои ғаразнок, паҳн намудани маводи номатлуб, мубодилаи иттилоот дар хусуси фаъолияти ташкилоти террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин ташкилот ба мафкура ва ҳаёти минбаъдаи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин шароит татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон пайваста барои амалӣ намудани самараноки сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои муассир меандешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012, аз ҷумла таъкид намуданд: «Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хеле назаррас мебошад. Раванди ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар падидаву ҳаводисе, ки дар мамлакатамон ва минтақаҳои мухталифи олам ба вуқуъ меоянд, баҳои воқеӣ дода, мавқеъ ва манфиати ватанамонро ҳимоя намуда тавонем».
Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, дар ин самт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандўстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим доштанд. Барномаи маҷмуии давлатии махсусгардонидаи нақшавӣ ва бонизом барои ҷавонон дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар алоҳидагӣ мунтазам давоми ҳар се сол, аз соли 1999 инҷониб таҳия ва амалӣ мегардад.
Баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 тасдиқ шудааст. Барнома бо назардошти дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва тавсияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд.
Ҳадафи асосии барнома- ин фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъминоти ҳуқуқҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон ба ҳисоб мерафт.
Самтҳои афзалиятноки Барнома бо назардошти вазъи иҷтимоӣ ва талаботи воқеии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир ҳамчунин дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, тавассути татбиқи босамари Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ба таври зайл муқаррар гардидаанд:
а) ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандўстии ҷавонон;
б) рушди имконоти иҷтимоӣ ва мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон;
в) рушди саломатии ҷавонон;
г) мусоидат ба таълими муассир ва дастгирии эҷодиёти ҷавонон;
д) рушди ҷанбаҳои илмию методӣ ва иттилоотии сиёсати давлатии ҷавонон;
е) такмили малакаҳои кории мутахассисон ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ.
Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташудаи Барнома ва татбиқи босамари самтҳои афзалиятноки он зарур аст, ки тадбирҳои зерин амалӣ шаванд:
— фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати ташаккули фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон;
— тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ ва адои ҳизмати самараноки ҳарбӣ дар назди Ватан-модар;
— таблиғи ғояҳои ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, тамаддунофарӣ, фарҳангдўстӣ ва аз худ намудани аҳлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни ҷавонон;
— дастгирии ташаббусҳои ҷавонон оид ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон;
— паст намудани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон;
— мутобиқгардонии ҷавонон ба муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, шуғл ва касбомўзӣ;
— мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон, аз ҷумла, рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо;
— паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон;
— танзими муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон;
— мусоидат ба зиёд гардонидани шумораи марказҳои ҷавонон дар мамлакат;
— баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон дар самти пешгирии бемориҳои сироятии ҷинсӣ, нашъамандӣ;
— баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ва оилаҳои ҷавон оид ба танзими оила ва солимии репродуктивӣ;
— фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои таҳсили ҷавонон, такмили ихтисос, тайёр намудани кадрҳо ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд;
— мусоидат ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои ҷавонон дар мавриди омўзиши забонҳо, илм ва технологияи муосир;
— ташаккули механизмҳо ҷиҳати рушди эҷодкориҳо ва фаъолияти илмии ҷавонон;
— ҳавасмандгардонии хонандагон ва донишҷўён дар таҳсили босамар ва фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ;
— фароҳам овардани шароит ҷиҳати муаррифӣ ва амалигардии корҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;
— рушди омори сиёсати давлатии ҷавонон ва устувор гардонидани имконияти иттилоотии мақомоти давлатии кор бо ҷавонон;
— мусоидат барои фароҳам овардани замина ҷиҳати ташкили системаи иттилоотии ҷавонон дар заминаи технологияи муосир;
— устувор гардонидани заминаи илмию методии сиёсати давлатии ҷавонон;
— такмили малакаи кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон;
— рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон;
— ташаккули неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, таҳия ва татбиқи механизмҳои дастгирии ҷавонони лаёқатманд.
Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири навбатӣ, яъне барои солҳои 2016-2018 таҳия гардид. Амалисозии он ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат мусоидат намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, ки «давоми беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ мешаванд». Аз ҷумла, 24 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонун барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони мамлакат ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод шуда, дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ноябри соли 2022 қабул гардид.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккули насли наврасу ҷавони солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Қабул ва татбиқи ин санади қонунгузорӣ дар сатҳи мақоми олии қонунгузори мамлакат «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи ин раванд буда, ҷалби неруи зеҳниву ақлӣ ва ҷисмонии ҷомеаи мадании мамлакатро таъмин намуда, самараи дилхоҳ медиҳад. Ҳамзамон ин омил ба талаботи таъхирнопазири замон ҷавобгӯ мебошад.
Дар ин радиф, қабул ва татбиқи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 30 апрели соли 2021, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз 30 декабри соли 2021, «Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 29 декабри соли 2022 ва амсоли ин низ дар тарбияи ватандўстии насли наврасу ҷавон ва боло рафтани маърифати ҳуқуқии онҳо мусоидат карда истодааст.
Лозим ба таъкиди хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи баланд бардоштан ва амалӣ намудани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ду усули мантиқиро истифода кардаанд:
а) тарғиботу ташвиқот ба хотири аз лиҳози равонӣ омода намудани ҷавонон ва ҷомеа барои пазироии падидаи маърифати ҳуқуқӣ;
б) усули фаҳмондадиҳӣ барои шарҳи ниҳоди маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади қавигардонии ҳувияти ҳуқуқписандии ҷавонон.
Ин ду усул, дар роҳи амалӣ гаштани барномаву консепсияҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи содиршавии ҷиноят дар миёни ҷавонон нақши асосиро иҷро менамояд.
Бо такя ба андешаҳои баёншуда ба назари мо, дар ҳоли ҳозир маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд ба татбиқи маҷмуи ҳадафҳое равона карда шавад, ки дар санадҳои болозикр инъикос ёфтаанд. Санадҳои зикршуда, моҳиятан тарзе амалӣ карда мешаванд, ки аксарияти мутлақи ҷавонон ба рафтори фаъоли иҷтимоӣ мутамоил гардида, рафторе, ки ба дарки амиқи асоснокӣ, адолатнокӣ ва мувофиқи мақсад будани меъёрҳои ҳуқуқ асос ёфтааст ва фаъолияти шахсро баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар назар дорад, нигаронида шудаанд.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»