ҲАМКОРӢ БО ВОЛИДАЙН БА РУШДИ НИЗОМИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

365

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва дар самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия, ҳамзамон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳимми меъёриву ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст. Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.

Бо мақсад густариш додани равобити волидайни донишҷӯён бо донишгоҳ роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки суҳбатҳои судманро бо волидайни донишҷӯён ба роҳ монад.

Имрӯз (25.01.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён ҷаласаи ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо волидайни донишҷӯёни зумрае аз факултетҳои донишгоҳ (факултетҳои молиявию иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, иқтисод ва идора, таърих, фалсафа ва муносибатҳои байналхалқӣ) баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ зимни сухани муқаддимавии хеш аз бандҳои гуногуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ояндаи миллат аз таълиму тарбияи дурусти ҷавонону наврасон вобаста аст. Гуфта шуд, ки раванди ҳамкориҳои волидайн бо донишгоҳ бояд мустаҳкам гардида, пайваста ҷараён дошта бошад. Волидон дар баробари донишгоҳ вазифадоранд, ки дар тарбияи фарзандонашон, пеш аз ҳама, масъулиятшинос бошанд, зеро тарбия аз оила сар шуда, дар Донишгоҳ сайқал меëбад.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо ин, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва таҳкиму тақвият бахшидан ба раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, ба манфиати тарафайн роҳандозӣ шудааст.

Дар рафти суханронӣ хотирнишон карда шуд, ки волидон масъалаи сару либос, фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии фарзандони хешро пайваста назорат намоянд. Зеро баланд бардоштани маърифати маънавию тарбиявии донишҷӯён бештар аз оила вобастагӣ дошта, аз ҳамаи волидайн масъулияти бузургро талаб менамояд.

Дар фарҷоми ҷаласа чанде аз падару модарони донишҷӯён суханронӣ намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти донишгоҳ ва устодону кормандон изҳор намуда, барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо волидайни донишҷӯён андешаҳо баён намуданд.