ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲ БО ВОЛИДОН

202

“Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар доираи силсиславохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо волидайни донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» роҳандозӣ шудааст, имрӯз (27.01.2024) вохӯриҳо бо волидайни донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, тиббӣ ва факултети муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорусбаргузор гардид.

Ректори донишгоҳ зимни суханрониҳояш аз имтиёзҳое, ки Донишгоҳи миллӣ ба донишҷӯён додааст, ёдовар шуда, аз волидайн даъват ба амал овард, ки ҳамкориро бо донишгоҳ таҳким бахшида, дар тарбияи ҷавонони саодатманду донишманд мусоидат намоянд. «Дар натиҷаи алоқамандии зич байни устодон ва волидайн сатҳи таълиму тарбияи донишҷӯён баланд мегардад”- афзуд ректори донишгоҳ.

Дар идомаи ҷаласаҳо дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи таълиму тарбияи фарзандон, боло бурдани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, таъмини иштироки фаъолонаи фарзандон дар дарсҳо ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, тарбияи фарзанд дар руҳияи худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, андешаҳои ҷолиб баён шуданд.