БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВИЯИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

242

Бо мақсади таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати татбиқи бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025″ дар Донишгоҳи миллӣ пайваста бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯриҳои судманд баргузор карда мешавад.

Чунин вохӯрӣ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо иштироки намояндагони сохторҳои марбутаи донишгоҳ ва дигар сохторҳои дахлдор доир гардид.

Зимни вохӯриҳо масъулини донишгоҳ дар робита ба муҳиммияти чунин суҳбату вохӯриҳо суханронӣ намда, иброз доштанд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтааст. Махсусан, дар соҳаи маорифи кишвар, ки рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан илму маориф ба ҳисоб меравад, таҳлилҳои амиқ оварда шудааст.

Зимни чорабинӣ гуфта шуд, ки масъалаи дигар ин мавзуи терроризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мегардад.

Зимнан намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ баромад намуда, қайд карданд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар барои кулли сокинони мамлакат ҳамчун як ҳуҷҷати муҳим ба шумор рафта, он дар баробари таҳлил ва баррасии фаъолияти соҳаҳои гуногун дар соли сипаригашта, инчунин, ба тарбияи насли ҷавон дар руҳияи донишомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ ва омода будан ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳо муҳимро дар бар мегирад.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва фаҳмондадиҳии сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад.

Ёдовар шуд, ки чунин суҳбату вохӯриҳо бо омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳо идома доранд.