БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

273

Имрӯз (12.03.2024) дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 09.03.2024 дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт.

Зимнан таъкид шуд, ки мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки санаи 09.03.2024 баргузор гардид, масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳифзи арзишҳои миллатро дар бар мегирифт.

Зикр шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар кишвар қонунҳои мутааддиде ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар беҳбуд бахшидани ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва арзишгароии миллат нақши муассир доранд.

Бе шак, аз миллитарин, мардумитарин ва муҳимтарин қавонине, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ва дастгирии оммаи васеи мардуми кишвар мувофиқ ба меъёрҳои конститутсионию байналмилалӣ қабул ва амалӣ гашта истодаанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба шумор мераванд.

“Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8-уми июни соли 2007 қабул гашта бошад ҳам, аз назари инҷониб ҳанӯз вазъи сиёсӣ-иҷтимоии кишвар ба эътидол наомада буд, ки Пешвои миллат бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва маърифати волоии иқтисодӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити иқтисодиву иҷтимоии мардуми кишвар, аз байн бурдани ҳамагуна падидаҳои зоҳирпарастиву низоъангез дар ин самт иқдомҳои саривақтӣ намуда, 9-уми июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тавсиб расонида буданд, ки заминаи муҳимме барои қабулу батасвибрасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид”-гуфта шуд дар нишаст.

Таъкид шуд, ки масъалаи танзими анъанаву маросим ва одатҳои миллӣ бояд зери таваҷҷуҳи мардум қарор гирад. Ба ин маъно, ки нукоти мазкур (урфу одатҳо)-и миллӣ бояд зери таассуботи хурофотию худхоҳонаву худпарастона намонад.

Ҳамин тавр, дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат, бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 09.03.2024 дотсенти кафедраи диншиносии факултети фалсафа Қаландарзода Мустафо дар мавзуи “Таассубу ҳуруфот ҳамчун омили боздорандаи рушди ҷомеа”, номзади илмҳои химия Самадов Абдурасул дар мавзуи “Ҳамгироии ҷаҳонбинии маънавӣ ва илмӣ”, дотсенти факултети ҳуқуқшиносии Иззатулло Маҳмудов дар робита ба пешгирии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз барои истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баҳри ободии диёр чораҳои лозима роҳандозӣ шудааст. Хуб мешуд, ки мо дар ободии маҳл саҳм гузорем ва вақти он расидааст, ки сидқан дар доираи қонунҳои марбута амал намоем ва аз хараҷоти зиёду худнамоӣ дурӣ ҷӯем. Баҳри ободии хонадони худ, таълиму тарбияи фарзандон ва оилаҳои ҷавон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон ва дар умум ободии хонадону диёри азаизи хеш аз пештара бештар саҳмгузор бошем.