РӮЗИ «ДАРҲОИ КУШОД» ДАР ДМТ

269

Ҳамасола чун анъана дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат нишасте бо довталабон, яъне хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳо баргузор мегардад. Имрӯз дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ишти­роки ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С., қисме аз садоратифакултетҳо ва муовинони онҳо чорабинии «Дарҳои кушод» баргузор гардид. Дар ин нишаст омӯзгорону хамт­кунандагони мактабҳои миёнаи пойтахт ва ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин хатмкунандагони литсейи ДМТ ишти­рок доштанд.

Нахуст довталабон аз намоишномаи ДМТ, ки аз дастовардҳои илмию таълимии устодону кормандон ва донишҷӯёни факултетҳо иборат буд, боздид намуданд.

Баъдан ректори Донишгоҳ роҷеъ ба фаъолият ва дастовардҳои Донишгоҳ ба довталабон сухан гуфта, қайд намуд, ки имрӯзҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо як зумра донишгоҳҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад ва донишҷӯёни лаёқатманд метавонанд таҳсили худро дар хориҷа низ давом диҳанд. Дар идомаи суханронӣ дар атрофи омӯзиши курсҳои махсуси забонҳои хориҷӣ, интихоби ихтисосҳои гуногун, ҷараёни корҳои таълиму тарбия дар Донишгоҳ андешаҳои ҷолиб сурат гирифт.

Дар анҷом довталабон вориди дилхоҳ факултетҳо шуда, аз дастовардҳо, шароити таҳсил боздид намуданд ва бо устодон ҳамсуҳбат шуданд.