БАРРАСИИ КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ ДАР “ҲАФТАИ ИЛМ”

193

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳ таҳти унвони «Ҳафтаи илм» бахшида ба «30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» идома дорад.

Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. дар қисмати ифтитоҳии конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ ва дар бахшҳои он иштирок намуда, бо кормандону докторантон ва магистрантон, инчунин, омӯзгорони ҷавон дар самти пеш бурдани корҳои илмӣ тавсияҳои судманд медиҳанд.

Дирӯз бахшҳои конференсия бо иштироки ректори Донишгоҳ ва ҳайати васеи устодону кормандон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён доир гардид, ки дар баробари таҳлилу баррасии мавзуҳои мубрами илмӣ, инчунин, дар самти ихтирооту навгониҳои илмӣ таҳлилҳои ҷолиб сурат гирифт.

Дар идома ректори Донишгоҳ оид ба дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таҳқиқотӣ ва сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, инчунин, нашри мақолаҳои илмию оммавӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ ба муҳаққиқони ҷавон тавсияҳои судманд дод, таъкид дошт, ки пайваста муваффақиятҳои илмӣ назорат ва натиҷагирӣ карда мешаванд.