ТАВАҶҶУҲ БА КОРҲОИ ИЛМӢ

194

Таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ба самти илм ва таҳқиқоти илмӣ зиёд аст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Мафҳуми илму дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд”.

Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар муассисаҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ дар самти пеш бурдани корҳои илмию инноватсионӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Баргузории конференсияи илмию назариявӣ, ки бо унвони “Ҳафтаи илм” пазируфта шудааст, аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки ҷиҳати натиҷагирӣ намудани корҳои илмию инноватсионӣ мусоидат менамояд. Имрӯзҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳ – «Ҳафтаи илм» бахшида ба «30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» дар бахшҳо идома дорад. Иқдоми нек аст, ки бахшҳои конференсия бо иштироки ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ва ҳайати устодону кормандони факултетҳои марбутаи Донишгоҳ доир мегардад.

Зимни вохӯрии навбатии ректори Донишгоҳ бо коллективи факултетҳои иқтисодӣ ва фалсафа масъалаҳои гуногуни илмию таълимӣ мавридӣ баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки бояд талабот ба самти корҳои илмӣ аз пештара бештар гардида, тадбирҳои нав рӯйи даст гирифта шаванд. Ҳайати устодони кормандон бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули омӯзиш ва корбарии самти илмро дар Донишгоҳ роҳандозӣ намуда, навгониҳои тозаеро ба нафъи илми кишвар эҷод созанд.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори Донишгоҳ ба масъулин дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла назорати баргузории ҳамоишҳои сатҳи донишгоҳию байналмилалӣ, пурзур намудани дастаи олимпӣ ва озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ ва рисолаҳо тавсияҳои судманд дод.