Санаи 23 апрели соли 2024 як қатор меҳмони хориҷӣ аз Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Аз ҷумла доктори илмҳои иқтисодӣ профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал – Дубровский Валерий Жоресович бо рафти фаъолияти Парки технологӣ дар Пойгоҳи дорусозӣ шинос шуда, аз дастовардҳои он дидан намуданд.
Директори Парки технологӣ ба меҳмони олиқадр маълумот доданд, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи ректори донишгоҳ муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин пояи моддию техникии муассиса зина ба зина беҳтар гардида, дастовардҳои ин сохтори донишгоҳ низ ба таври чашмрас меафзоянд.
Дар оянда низ Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади густариши робитаҳои хориҷӣ ва дарёфти шарикон дар самти илм ҳамкориҳорои судмандро ба роҳ хоҳад монд.
Қобили зикр аст, ки меҳмонони ташрифоварда, ба фаъолияти Парки технологӣ баҳои баланд дода, аз боздиди худ таасуроти нек бардоштанд.
Рустамзода Латифабону.