Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.
Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки онро Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод намуд, қабул кард.
Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (11.05.2024) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни устодону кормандони Донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» дар соли 2024 оғоз ёфт.
Дар кушодашавии мусобиқаи мазкур ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Донишгоҳ иштирок намуд.
Чорабинӣ дар Маҷмааи муосири варзишии Донишгоҳ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд.
Зимнан ректори Донишгоҳ таъкид кард, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ва ҷонибдорӣ аз иқдоми байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар робита ба эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад. Гуфта шуд, ки мусобиқаи мазкур баҳри таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни кормандони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ мусоидат хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқа 21 даста аз ҳисоби устодону кормандони факултетҳо ва сохторҳои зертобеи Донишгоҳ ташкил шуда, он то охири моҳ идома ёфта, ғолибон аз ҷониби Раёсат ва Кумитаи иттифоқи касабаи Донишгоҳ ҳавасманд гардонида мешаванд.