ҶАЛБИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН БА ҶОЙИ КОР

247

Имрӯз (14.05.2024) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён миёни хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тақсимоти хатмкунандагон ба ҷойи кор баргузор гардид.

Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. меҳмононро барои пазируфтани даъват ба ДМТ изҳори сипос намуда, оид ба имкониятҳои илмию таълимии факултет ва дар умум ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагони Донишгоҳ суханронӣ намуд.

Сипас тибқи талаботи муқарраргардида хатмкунандагони факултет, ки донандаи забонҳои гуногуни хориҷӣ ва номзад ба гирифтани дипломи аъло ва муқаррарӣ мебошанд, ба ҳозирин муаррифӣ гардида, барои ба кор ҷалб шудани онҳо дар мақомоти гуногуни давлатӣ роҳхат дода шуд. Дар ҷамъомад ниҳодҳои гуногуни кишвар, аз қабили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳриДушанбе, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҶСК “Ориёнбонк”, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ваКумитаи андоз иштирок намуданд.

Зикр карда шуд, ки соли ҷорӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 650 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона аз рӯйи 9 ихтисос (ҳуқуқшиноси умумӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, санҷиши судӣ, танзими ҳуқуқии молия ва қарз, ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ, таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ, фаъолияти судӣ-прокурорӣ – муфаттиш) хатм менамоянд, ки аз ин шумора 282 нафарро донишҷӯёни дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 368 нафарро донишҷӯёни дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсилкунанда ташкил медиҳанд.

Дар охир дар самти ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон ва рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ андешаҳои судманд сурат гирифт.