ИДИ КАСБИИ КИМИЁГАРОН: АЗ МУВАФФАҚИЯТҲО ТО ҚАДРДОНӢ

192

Ҳамасола якшанбеи охири моҳи май ҳамчун Рӯзи кимиёгарон таҷлил карда мешавад. Имрӯз (25.05.2024) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ ва садорати факултети химияи Донишгоҳи миллӣ Рӯзи касбии кимиёгарон (химикон) бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Бояд гуфт, ки Рӯзи химикон аввалин маротиба соли 1960 ҳамчун ҷашн қабул карда шуд. Сабаби асосии таҷлили Рӯзи химикон аз он маншаъ мегириф, ки дар аввали солҳои 60-уми асри гузашта аз ҷониби роҳбарияти ИҶШС шиори “Химикизатсияи тамоми кишвар” қабул карда шуда буд, ки вобаста ба ин аксарияти соҳаҳои химиявӣ рушд намуданд. Дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳамон солҳо (1965-1966) инҷониб ин рӯз ҷашн гирифта мешавад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз3 ноябри соли 1995, таҳти №98 қабул карда шуд, ки дар асоси он ҳамасола якшанбеи охири моҳи май “Рӯзи кимиёгарон” дар ҷумҳурӣ қайд карда мешавад.

Вобаста ба ҷашнгирии Рӯзи касбии кимиёгарон дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабиниҳо, олимпиадаҳо, озмунҳо ва чандин ҳамоишҳои гуногун, аз қабили “кафедраи сол”, “олими сермаҳсули сол”, “устоди дарсдиҳандаи сол”, “лаборанти сол”, “муҳаққиқ (унвонҷӯй, докторани Рh.D)-и сол”, “магистранти сол”, “донишҷӯи сол”, “гурӯҳи академии сол” ва “куратор (сарпараст)-и сол” дар давоми соли ҷорӣ гузаронида шуда дар рӯзи ин ҷашн ғолибон эълон ва ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар чорабинии илмӣ-фарҳангӣ раиси фраксияи ҲХДТ дар Парлумон, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидов Ф. иштирок ва суханронӣ намуд.

Муовини ректори Донишгоҳ оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт Қодирзода Ф.А. зимни суханронӣ қайд намуд, ки устодони факултети химия бо ҳисси баланди масъулият дар раванди босуръати рушди илм ва техника, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаву зарурати таҳия ва татбиқи амалии дастовардҳои илмиро ба миён овардааст, фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри ҳарчи бештар дар соҳаҳои гуногун татбиқ намудани дастовардҳои илмии худ кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодаанд. Ҳамин аст, ки мавқеъи факултети химия дар Донишгоҳ ва берун аз он рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст.

Ҳамзамон, дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби садорати факултет чанде аз собиқадорон, устодону кормандон бо сипоснома ва ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.

Чорабинӣ бо баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатии донишҷӯёни ҳаваскори факултет ба анҷом расид.