ВАЗИФАИ МУҚАДДАС ҲИФЗИ БОЭЪТИМОДИ САРҲАД АСТ

558

Имрӯз (29.05.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эй ватан, сарҳади ту – сарҳади имони ман аст» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ меҳмонон аз сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ, сущассилини Донишкадаи олии сарщадии КДАМ, Гимназияи щарбии ворисони “Куруши Кабир”, ҳайти устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани табрикотии роҳбарият ва меҳмонон аз сохторҳои дахлдор оғоз шуд.

Муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. зимни сухани табрикотӣ ҳайати устодону кормандони Донишгоҳ ва дар симои онҳо кулли афсарону сарбозони Кӯшунҳои сарҳадии ҷумҳуриро ба 30-солагии таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Кӯшунҳои сарҳадӣ – 28-уми май самимона табрик намуд.

Гуфта шуд, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддун ва пуршарафи тоҷик ба ҳифзи марзу буми аҷодии хеш аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва далерию мардонагӣ ба воя расидани фарзандони худ ҳамеша кӯшиш мекарданд. Ҳамин аст, ки дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси шаҳрванд аст”.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ватандӯстию ҳифзи муқаддасоти миллӣ имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст. Тавре Пешвои миллат таъкид доштаанд: “Ҳимояи неъматҳои муқаддасу бузургтарин-озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимми ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ, дар навбати аввал, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ мебошад”.

Муовини Фармондеҳи Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Турабек Назарзода зимни сухани табрикотии хеш иброз дошт, ки дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ, яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад. Имрӯз Кӯшунҳои сарҳадӣ яке аз дастовардҳои пурарзиштарини даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, дар солҳои барои давлату миллат тақдирсоз ҷиҳати барқароркунии сохти конститутсионии Тоҷикистон таъмини сулҳу субот дар кишвар, таҳкими истиқлолияти давлати хизмати шоёне кардаву кардаистодааст.

Таъкид шуд, ки бо ташаббуси наҷибонаи Пешвои миллат дар самти фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрию ҳуқуқӣ, асосҳои зарурии моддиву техникӣ, ташаккул ва такомули сохтори идоракунии ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ, бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз гардонии инфрасохтори сарҳадӣ, инчунин, таълиму тарбияи мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос иқдомҳое ба субут расониданд, ки дар таърихи кишварҳои навистиқлолёфта беназир аст. Бояд махсус қайд намоем, ки дар солҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ даҳҳо отрядҳои сарҳадӣ, отрядҳои таъиноти махсус, марказҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбии таъминоти техникӣ таъсис дода шудаанд.

Зимнан иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо ДМТ, хусусан бо устоди Донишгоҳ Ҷонибек Асрориён китоби “Марзбон” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд.

Дар идомаи чорабинӣ устоди факултети таърих Ҷонибек Асрориён дар мавзуи “Марзбонӣ, аз аҳди бостон то замони нав: ташаккул ва таҳаввул” ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҷамолиддин Шарифов дар мавзуи “Нақши пешвои миллат дар Ташаккули Кӯшунҳои сарҳадӣ” суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки имрӯз ҳифзи сарҳад вазифаи ҳар яки мост ва бояд сарҳад ҳамчун рамзи садоқату ватандӯстӣ дар қалбу андешаи ҳар тоҷикистонӣ нақш баста, ҳимояи сарҳад вазифаи пуршарафи ҷавонони меҳанпараст ва ҳар шаҳрванди ватандӯст бошад.

Дар ҷараёни чорабинӣ роҳбарият ва зумрае аз устодони Донишгоҳ бо нишони ҷашнии 30-солагии таъсисёбии Кӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор намояндагони Кӯшунҳои сарҳадӣ бо Сипосномаи Донишгоҳи миллӣ сарфароз гардонида шуданд.