ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗИМНИ МУЛОҚОТ БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР

143

Имрӯз (31.05.2024) дар ҳошияи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Мулоқоти Пешвои муаззами миллатбо аҳли илм ва маорифи кишвар дирӯз дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбебо иштироки олимону зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат доир гардида буд. Устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ дар чорабинии мазкур иштирокифаъол доштанд. Вобаста ба ин, дар ҳамоиши илмӣ-назариявии донишгоҳӣзумрае аз устодони Донишгоҳ, ки худиштирокчии чорабинии мазкур буданд, суханронӣ намуданд.

Нишаст бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар Пешвои муаззами миллат ба рушди соҳаҳои илм ва маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, пайваста тадбирҳои тозаеро роҳандозӣ менамоянд. Таъкид шуд, ки яке аз самтҳои калидии рушди кишвар ин ҷараёни тадқиқотҳои илмӣ мебошад. Тавре Пешвои миллат зикр намуданд: “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем. Зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”.

Зимнан гуфта шуд, ки Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллӣ ҳамчун муассисаи олии пешсаф таваҷҷуҳи хосса дошта, дар суханронии хеш иброз намуданд, ки : “Устодону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф ғайр аз фаъолияти таълимӣ барои пешрафти илми мамлакат низ саҳми худро мегузоранд.”

Зимнан аз олимону донишмандон ва омӯзгорону кормандони Донишгоҳ даъват ба амал оварда шуд, ки бо таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва мавқеи созанда дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар гузоранд ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он аз пештара бештар иҷро намоянд.

Дар идомаи ҳамоиш зумрае устодон, аз ҷумла Мамадшо Илолов, Аламхон Кӯчарзода, Зайниддин Искандаров, Убайдулло Азиззода, Саидзода Баҳрулло, Малика Саидмуродова, Сангин Гулзод дар робита ба паҳлуҳои гуногуни суханронии Пешвои миллат бо аҳли илму маорифи кишвар андешаҳои ҷолиб иброз дошта, самтҳои гуногуни илму таълимро мавриди шарҳ қарор доданд.

Дар интиҳо ректори Донишгоҳ бо масъулин ва ҳайати устодону кормандони Донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, хусусан дастурҳое, ки зимни мулоқот бо аҳли илму маорифи кишвар дода шуд, тавсияҳои мушаххас дод. Гуфта шуд, ки ҷиҳати таҳияи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ вобаста ба суханронии Президенти кишвар, ҷоннок намудани самти илми Донишгоҳ ва сохторҳои дахлдор, назорати фаъолияти муҳаққиқони ҷавон, инчунин, пешбурди корҳои илмӣ-навоварӣ дар заминаи Парки технологӣ, омӯзиши паҳлуҳои мубрами илми муосир, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, ҳамзамон, таъсиси ихтисосҳои наву замонавӣ ва дар заминаи он омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон чораҳои амалӣ андешида шавад.