Озмун: Зан-оинаи рӯзгор

968

Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати кадбонугии бонувон бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» миёни донишҷӯён озмуни маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Зан-оинаи рӯзгор» доир намуд. Санаи 13-уми март чунин озмун дар толори хобгоҳи №7-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни донишҷӯдухтарони донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Н. Шарифзода – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, С. Валиева ва Ф.Комилова – мутахассиси пешбари Раёсати мазкур, инчунин, Раҳмонзода Ҷ.М.- муовини ректор оид ба тарбияи ДМТ, М.Турсунова – сармутахассиси шуъбаи кор бо занони донишгоҳ, М.Саноева – раиси ассотсиатсияи волидайн ва З.Бозорова – котиби шӯрои илмии методии донишгоҳ иштирок намуданд.

Озмуни мазкур аз шаш бахш иборат буда: «Саломнома», «Тарзи дуруст мондани ашёҳо болои дастархон», «Қироати порчаи насрӣ (тарона) ё назмӣ дар васфи зан-модар», «Тарзи парвариши гули хонагӣ», «Тарзи гул мондан дар хамир» ва «Намоиши гулҳои хонагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ».

Дар озмун донишҷӯён Ш.Рустамзода – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ аз хобгоҳи №6, Г.Ғафурзода – донишҷӯи факултети химия аз хобгоҳи №5 ва М.Шарифиён – донишҷӯи факултети таърих аз хобгоҳи 7 ДМТ ғолиб баромаданд. Дар ҷараёни озмун ба роҳбарияти донишгоҳ, ғолибон ва масъулону фаъолони озмун «Ифтихорнома»-и мақомот супорида шуд. Дар рафти озмун ансанбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи фарҳангию фароғатиеро пешкаши иштирокчиён намуданд.

Нигора Худойдодова