ДАСТОВАРДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

509

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати “Дарҳои кушода”-ро пеш гирифт.

Дар доираи ин сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат ва бо дастгириҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин самти муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ рушд мекунад, ки ин барои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имконияти ҳарчи бештари муаррифии илми ватаниро дар арсаи ҷаҳонӣ муҳаё сохтааст.

Дар ин замина аъзоёни дастаи олимпии Донишгоҳ дар Озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи “Аҳамияти ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ барои таъмини сулҳ ва амният дар сайёра”, ки аз ҷониби Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд. Ба кумитаи тадорукоти Озмуни мазкур зиёда аз 80 мавод аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ирсол карда шуд, ки аз ин шумора наздик ба 30 номгӯйи мавод маҳз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Тибқи натиҷагирии ҳайати баландпояи комиссияи Озмун донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ гардида, аз рӯйи ин нишондиҳанда миёни макотиби олии касбии ҷумҳурӣ дар зинаи якум қарор гирифтанд.

1 июли соли 2024 дар Сафорати Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҳавасмандагрдонии ғолибони Озмун сурат гирифт. Чорабинӣ бо иштироки бевоситаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аймират Гоҷмуродов сурат гирифт, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зери роҳбарии намояндаи Донишгоҳ Муродзода У.У. ширкат варзиданд.

Маросими ҳавасмандагрдонӣ бо суханони муқаддимавии Сафири Ҷумҳурии Туркманистон оғоз гардида, баргузории озмуни мазкурро идомаи ҳамкориҳои дӯстонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд. Дар идома роҳбари дастаи олимпӣ Муродзода У.У. суханронӣ намуда, аз ҳамкориҳои макотиби олии Ҷумҳурии Турманистон бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон изҳорӣ хушнудӣ намуданд.

Дар қисмати асосии чорабинӣ ба ғолибону ҷоизадорони Озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи “Аҳамияти ҳуқуқи байналмилалии гуманитарӣ барои таъмини сулҳ ва амният дар сайёра” шаҳодатнома, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи кумитаи тадорукот тақдим гардид.

Ғолибони озмун аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:

1. Ибрагимов Муҳаммадҷон – донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ, ғолиби ҷойи 2;

2. Сафаров Меҳроб – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, ғолиби ҷойи 2;

3. Шарипов Зафар – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, ҷои ифтихорӣ;

4. Акбарова Умеда – донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, ҷои ифтихорӣ;

5. Остонаев Ҷавшанҷон – донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, ҷои ифтихорӣ;

6. Нематова Соҳибҷамол – донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ, ҷои ифтихорӣ;

7. Ҳалимова Мадина – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, ҷои ифтихорӣ.

СУРАТГУЗОРИШ АЗ ҶАРАЁНИ МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ: