ОМОДАГИҲО БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

210

Дар робита ба амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба даст овардани натиҷаҳои назарраси илму истеҳсолот ва иҷрои Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф вохӯриҳои ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо сохторҳои марбутаи Донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Татбири мазкур ҷиҳати омодагиҳо ба соли нави таҳсил бо садорату мудирони кафедраҳо ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Донишгоҳ гузаронида шуд.

Имрӯз дар вохӯрӣ бо мудирони кафедраҳо ректори Донишгоҳ тамоми иштирокчиён ва дар симои онҳо коллективи бисёрҳазорнафараи Донишгоҳро ба истиқболи 33 солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва оғози соли нави таҳсил табрик намуда, барои пешбурди корҳои илмию таълимӣ ва тарбиявию хоҷагидорӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

Дар зимн ректори Донишгоҳ ба устодону кормандони Донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш бурдани корҳои илмию таълимӣ, тарбия ва равобити байналмилалӣ, омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дифоъи рисолаҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба пажуҳиши илмии бунёдӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва омӯзиши самтҳои муосири пешрафти илм бо истеҳсолот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид шуд, ки ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳ бояд бо масъулияти баланд соли нави таҳсилро истиқбол гиранду онро бо дастовардҳои назарраси илмию эҷодӣ анҷом диҳанд.