14 ҶОЙИ ИФТИХОРИИ ДАСТАИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…»

22

Дирӯз дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо баргузории чорабинии тантанавӣ даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардида, ғолибон аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.

Довталабон дар бахшҳои озмун аз рӯйи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” ва номинатсияи “шоирӣ” байни худ рақобат намуда, ғолибони даври шаҳрӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.

Дастаи Донишгоҳи миллӣ – устодону донишҷӯён ва хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳ аз рӯйи наминатсияҳои номбаршуда иштирок намуда, бо гирифтани 14 ҷойи ифтихорӣ: 3 ҷойи аввал, 7 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм миёни дастаҳо сазовори ҷойи аввал гардид.

­ Имрӯз (30.08.2024) ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ғолибони озмун: Абдукаримов Маҳмадсалим, Назирова Паринамо, Саидова Дилноза, Ҳамроева Самира, Шоҳрухи Ҷумъамурод, Раҳматшозода Комрон, Хуҷамқулова Шукрона, Ҳаитова Мадина, Исломова Шукрона, Носиров Амирҷон, Саидзода Нозанин, Насруллозода Маҳмуд, , Ғафорзода Шаҳбоз ва Мирзозода Сайфиддин, инчунин, дигар иштирокчиёни фаъоли озмунро самимона табрик намуда, ҷиҳати иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

Ғолибият муборак!