СУХАН АЗ КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

854

(Қадрдонии устодон, намоиши дастовардҳо ва замзамаи Истиқлоли давлатӣ дар ҳамоиши ҷумҳуриявӣ)

Имрӯз (05.09.2024) бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло ва муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Нахуст меҳмонон аз дастовардҳои илмию таълимии Донишгоҳи миллӣ, ки дар даромадгоҳи асосӣ ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Намоишгоҳ аз гӯшаҳои китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони Донишгоҳ, таҳқиқотҳои илмии устодону кормандон, ки дар самтҳои гуногун пашӯҳиш шудаанд, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ, китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии Донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизотҳои муосири фанҳои табиию риёзӣ, маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ғайра иборат буд, ки онҳо хеле таъсрбахш ва ҷолиби диққат буданд.

Сипас дар толори калони донишгоҳ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин оғоз ёфт. Ибтидо, ректори Донишгоҳ аҳли нишастро ба истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, аз дастовардҳои илмию таълимии солҳои истиқлоли кишвар сухан намуд.

«33сол дар пеши таърих муддати тулоние нест, вале ин марҳиларо барои миллати тоҷик метавон таърихсозу тақдирсоз унвон кард. Тоҷик ба сахттарин имтиҳони таърих-ҷанги шаҳвандӣ рӯбарӯ гашт, давлату миллатро хатари аз байн рафтан ҳар лаҳза таҳдид мекард. Аммо таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ ва марҳалаи ибратомӯз гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваст мебошанд»- иброз намуд Насриддинзода Э.С..

Зимнан Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ин ҷашни бузург табрик намуда, ёдовар шуд, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, махсусан соҳаи илму маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Зикр гардид, истиқлоли кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар рушд буда, саҳми устодону кормандони ин боргоҳи илму маърифат – Донишгоҳи миллӣ дар ҳифзи арзишҳои истиқлоли миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии ҷомеа назаррас мебошад.

Зимнан гуфта шуд, ки роҳбарияти олии кишвар, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллӣ таваҷҷуҳи вижа дошта, саҳми профессорону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифатро дар рушди илму маорифи кишвар назаррас арзёбӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлоли давлатӣ дар баробари намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат устодону кормандони ин маҳзани илму адаб – Донишгоҳи миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим зимни суханронии хеш аз дастовардҳои назарраси кишвари азизамон, ба вижа шажри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, ҷиҳати ҳифз доштани онҳо ва саҳм гузоштан дар ободию осудагии кишвари азизамон – Тоҷикистон тавсияҳои судманд доданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло устодони зерини Донишгоҳ бо унвони фахрии «Корманди_шоистаи Тоҷикистон» ва медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ шуданд.

Низомова Туҳфамо Давлатовна – профессори кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идора бо унвони фахрии «Корманди_шоистаи Тоҷикистон», Исломов Зафар Зулфонович – дотсенти кафедраи оптика ва спектроскопияи факултети физика, Қодиров Мурод Зокирович – дотсенти кафедраи химияи органикии факултети химия, Назаров Аҳмад – дотсенти кафедраи забони русӣ барои факултетҳои ғайрифилологии факултети филология, Ниёзов Ансор Соҳибович –дотсенти кафедраи геология ва менеҷменти маъдану техникаи факултети геология, Раҷабзода Сироҷиддин Икром – директори Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳ, Ҳайдаров Саъдулло Баҳриевич – дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистика бо медали “Хизмати шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Сипас номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, декани факултети фалсафа Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ», номзади илмҳои таърих, дотсент, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат дар назди Донишгоҳ Шарипов Ҷамолиддин оид ба мавзуи «Истиқлол – кафили эҳёи арзишҳои миллӣ» ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхона ва соҳибкории факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳ Раҳмонов Ҷалолиддин дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди саноати Тоҷикистони соҳибистиқлол» суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки чорабини имрӯза дар сатҳи баланд ва дар руҳияи баланди ватандӯстию хештаншиносӣ баргузор гардида, дар бахши дигари он барномаи рангини ҳунарии ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ хотири тамошобинонро шод намуд, ки дар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ сурудҳои тараннумгари васфи ватан, сулҳу дустӣ хонда шуданд.