ПОСДОРОНУ ДӮСТДОРОНИ БУЗУРГОНИ СУХАН

118

Бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик буд, ки мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ҷалб кардааст. Ҳамасола, санаи22-юми сентябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар аксар муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ташкил карда мешавад.

Имрӯз (20.09.2024) дар Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултети филология бо ибтикори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Мавсуф зимни суханронӣ афзуд, ки ба тақвими санаҳои ҷашнӣ ворид гардидани Рӯзи Рӯдакӣ нишонаи эҳтиром ба сухан ва хирад, хусусан адабиёти оламшумули халқи тоҷик мебошад. Профессор Сироҷиддини Эмомалӣ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин нафароне ба шумор мераванд, ки дар арсаи сиёсати давлатӣ ба адабиёт, фарҳанг, аз ҷумла бунёдгузорони ин мактаби бисёр беназири адабиёти ҷаҳонӣ баҳои сазовор дода, бо такя ба анъанаҳои гузаштагон воқеан ба сохтани давлати сифр миллӣ ва таъмини ваҳдату якпорчагӣ камари ҳиммат бастаанд. Гуфта шуд, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастани чунин ташаббусҳои созанда барои таҳкими соҳибихтиёрӣ ва ваҳдату ягонагии халқи тоҷик мусоидат мекунад.

Сипас мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик Рустам Наботӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Рӯдакӣ ба хотири посдорону дӯстдорони бузургони сухан таҷлил мегардад.

Дар нишаст номзади илми филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер Файзулло дар мавзуи «Ҷанбаҳои мусиқоии қофия ва радиф дар шеъри Рӯдакӣ» ва муаллими калони кафедраи таърихи адабиёт Ҳоҷибоева Лола оид ба мавзуи «Ёфтаҳои Рӯдакӣ дар шаклгирии таъбирҳои ирфонӣ» суханронӣ намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки бузургони мо дар миёни халқияту миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардуми соҳибтамаддуне мебошанд ва онҳо забони чандинҳазорсоларо маҳфуз нигоҳ доштаанд. Имрӯз шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо нафар шоирону адибони гузаштаро озодона ҷаҳониён мефаҳманд ва дар гуфтугӯйи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.

Ҳамзамон, дар конференсия гурӯҳе аз донишҷӯёни факултетҳои филология, журналистика ва забонҳои Осиё ва Аврупо аз ашъори Одамушуарро шеърҳо қироат намуданд.