Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуб, шомил шудан ба гурӯҳҳои тундгарою ифротгаро, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрӯз (24.09.2024) зимни ҳамоиши ҷумҳуриявии «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» баррасӣ карда шуданд.
Ҳамоиш дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён баргузор гардида, дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода Зарина, намояндаи кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Файзигул ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Зимнан таъкид гардид, ки дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас аз афзалияти сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. «Ватандӯстӣ – маънои дӯст доштани Ватан-Модар, зодгоҳ, марзу буми аҷдодӣ, содиқ будан ба халқу ватан, меҳанпараст будан, хизмат ба халқу Ватан, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад», -гуфта шуд дар ҳамоиш.
Ҳамзамон, аз ҳар ҷавони ватандӯсту хештаншинос, махсусан донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки бетарафӣ накарда, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба хурофоту бегопарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллии наврасон ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гарданд.