РУШДИ ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ҚОШҒАР

99

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Донишгоҳи Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии котиби комитети партиявӣ Дин Банвэн бо ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. густариш додани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ ва омӯзишӣ буд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, равобити ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва неруи илмии Донишгоҳ шинос намуд. Ҳамзамон, бо таваҷҷуҳи меҳмонон дар самти фаъолияти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий маълумоти мухтасареро манзур намуд.

Дар навбати худ Роҳбарии котиби комитети партиявӣ Дин Банвэн ҳадафи ташрифро ба ДМТ густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, дар самати омӯзиши забонҳои хитоӣ ва тоҷикӣ, табодули устодону донишҷӯён ва густариш бахшидани ҳамкориҳо дар ин самтҳо таклифҳо намуд.

Зимнан изҳор дошт, ки Донишгоҳи Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин омодааст бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллӣ дар робита ба масъалаи барномаҳои таълимӣ, табодули устодону донишҷӯён дар самти таҷрибаомӯзӣ ва бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ ҳамкорӣ ва дастгириро бештар намояд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.