Имрӯз (27.09.2024) дар толори фарҳангии Шарифҷон Ҳусензода сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров дарси кушод доир намуд, ки дар он устодону донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини ректори ДМТ, профессор Ғаффорзода И. меҳмонони олиқадрро ҷиҳати ташриф ба Донишгоҳ хайрамақдам намуда, зикр кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, хусуан дар самти илму маориф дар ҳоли рушд қарор дошта, муноситатҳо аз 29 майи соли 1992 барқарор шудааст. Гуфта шуд, дар заминаи муносибатҳои дӯстона ташкили марказҳои омӯзишию таълимӣ ва рушди муносибатҳои илмию таълимӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Сафири муҳтарам Алимирзамин Аскеров зимни суханронӣ таҳкими шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷонро қайд намуда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи дипломатӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, гуманитарӣ ва сиёсиро мусбат арзёбӣ кард. Зимнан сафир доир ба таърихи муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо кишварҳои дӯст, ба мисли Тоҷикистон сухан ронда, ба вазъи кунунии муносибатҳои байналмилалӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳи хоса намуд.
Вохӯрии мазкур бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.