13 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ИЛМ -ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

182

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат”- ро барои муваффақияти навбатияшон самимона табрик намуда, дар самти омодагиҳо ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур тавсеаҳои судманд дод.

Имрӯз дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат” дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардид.

Довталабон дар бахшҳои озмун аз рӯи номинатсияҳои гуногун байни худ рақобат намуда, ғолибони даври шаҳрӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дастаи Донишгоҳи миллӣ – устодону кормандони ва донишҷӯёни Донишгоҳ бо гирифтани 13 ҷойи ифтихорӣ: 2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм миёни дастаҳо сазовори ҷойи аввал гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот иштирокчиёни озмун бо «Сипоснома» ва мукофотпулӣ, инчунин, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо «Сипоснома» қадрдонӣ шуданд.