СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БО ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ХОРИҶӢ

135

Имрӯз (18.10.2024) дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳ семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки олимони хориҷӣ: Ержанов Иухтар Салтаев – профессори кафедраи баҳисобгирӣ ва аудити Донишгоҳи Турони Ҷумҳурии Қазоқистон ва Исманов Иброҳим Набиевич – профессори кафедраи баҳисобгирӣ ва аудити Донишкадаи техникии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзуи “Рушди баҳисобгирӣ ва аудит дар шароити рақамикунонӣ” баргузор гардид. Дар семинар устодону донишҷӯёни факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ иштирок намуданд.

Пас аз анҷоми семинар меҳмонон ҳамроҳ бо намояндагони Донишгоҳ аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ сохта ба истифода дода шудааст, боздид намуданд.