ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!

22

Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари таҳсил, инчунин, ба соҳаи варзиш низ шавқи зиёд доранд. Мусохон Ғаниев аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъол ва дӯсторони варзиш мебошад, ки дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст.

Ин навбат, Мусохон Ғаниев – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштингирӣ ширкат варзида, дар вазни 86кг сазовори ҷойи аввал гардид.

Ғолибият муборак!