Дар доираи ҳамкориҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо марказҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони Донишгоҳ ҷиҳати муаррифии зарфияти илмию таълимӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд. Ҳадаф аз сафари мазкур иштирок дар чорабиниҳои илмию таълимӣ ва иттилоотю омӯзишӣ мебошад, ки баҳри рушди соҳаҳои илму маориф пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки ташкили чунин чорабиниҳо баҳри мустаҳкам шудани робитаҳои муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистон ва Чин мусоидат намуда, дар равобити густурдаи ин кишварҳо рӯйдоди муҳимме ба ҳисоб меравад.