ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

149

Дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз (05.11.2024) муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДМТ, профессор Сафармамадзода С.М. ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. бо директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия Лопатин Владимир Николаевич вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот муовини ректор доир ба сохтор ва ҳайати устодону кормандон, зарфият ва имкониятҳо, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маълумот дода, зикр кард, ки дар ДМТ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода менамояд.

Зимнан меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба Донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар масъалаҳои моликияти зеҳнӣ, ба мисли рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ғайра арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо, ҳазамон, омодагии худро ҷиҳати ба имзо расонидани созишнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия ба мақсад мувофиқ шумориданд.