ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШИИ МАГИСТРАНТИ ДМТ

113

Аз санаи 5-ум то 10-уми ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта баргузор гардид, ки дар он магистранти курси 2-юми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қосим Сардоров иштирок намуда, соҳиби унвони Чемпиони дукаратаи ҷаҳон гардид.

Лозим ба таъкид аст, ки дар чемпионати мазкур зиёда аз 800 намояндаи 75 кишвари дунё иштирок варзиданд.

Дастовард муборак бошад!