Имрӯз (22.11.2024) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид.
Роҳпаймоӣ дар шоҳроҳи назди биноҳои таълимии донишгоҳ сурат гирифт. Дар роҳпаймоӣ устодону кормандон, донишҷӯёни фаъол: донишҷӯёни гирандаи стипендияи Президентӣ, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, «Илм – фурӯғи маърифат», гурӯҳи ҷавонон – донишҷӯёни «Пайравони Пешвои миллат” ва бахши ҷавонони донишгоҳ, инчунин донишҷӯён–табибони оянда, хонандагони Литсейи табиию риёзии назди Донишгоҳ, варзишгарон, афсарони кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳ иштирок намуда, бо бардоштани парчами наздик ба 200 метра эҳтироми ливоро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, арзиши бебаҳои миллӣ ва ҳамчун ифтихори ҷавонони саодатманд ба ҷо оварданд.
Ҷавонони саодатманди Донишгоҳи миллӣ бо нидоҳои идонаи “Мо бо Пешвои худ ифтихор дорем!”, “Шараф ба ҷавонони даврони соҳибистиқлол!”, “Парафшон бод, парчами Тоҷикистони азиз!”, “Тоҷикистон, ба пеш!” дар даст шиору парчамҳо сарбаландона роҳпаймоӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин сана дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ мояи ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфта яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.