ТАНТАНАИ ҶАШНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДМТ

106

Имрӯз 23 ноябр дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Ҳамоиши илмию фарҳангӣ бо сухани табрикотии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз шуд. Тазаккур дода шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи Истиқлоли давлатӣ барои мо азизу муътабар буда, таҷлили ин сана дар радифи дигар ҷашнҳои миллию давлатӣ мояи ифтихор ва эътибору шарафи мардуми меҳанпарасти тоҷик аст.

Иброз шуд, ки Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Рамзҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо, агар аз як тараф, гузаштаи мамлакати мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд.

Зимнан доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филология Мирзо Солеҳов сухан намуда, зикр намуд, ки парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзанда дошта, ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад. Воқеан, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хос дорад.

Ҳамзамон, дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих Фирӯз Ширинбеков оид ба аҳмияти таърихии Парчам ва парчамдорӣ ибрози андеша намуда қайд намуд, ки «Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб рафта, рангу аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи мо мебошад».

Таъки гардид, ки Парчами миллӣ рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш, талош ба хотири ҳаёти арзанда ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ равона менамояд.

Дар идомаи ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва ҳунармандони шинохтаи кишвар бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида намуданд.