МУАРРИФӢ ВА ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…” ДАР СОЛИ 2024

26

Имрӯз дар ҷаласаи назоратии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз Донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ҳамасола бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир мегардад.

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – устодону донишҷӯён ва хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳ аз рӯйи номинатсияҳои озмун иштирок намуданд. Ҳамасола, иштирокчиёни озмун аз ДМТ нисбат ба дигар муассисаҳои кишвар бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ пешсаф ҳастанд. Имсол низ донишҷӯёни Донишгоҳ бо соҳиб гардидани 11 ҷой (2 ҷойи 1-ум, 2 ҷойи 2-юм, 3 ҷойи 3-юм) ва 4- ҷойи ифтихорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид.

#ҶОЙИ_ЯКУМ

– Исломова Шукрона Хурсандовна – донишҷӯйи курси 3 – юми ихтисоси иттилоот ва робитаи факултети журналистика, аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм;

– Ҳамроева Самира Маҳмудҷоновна – донишҷӯйи курси 2 – юми ихтисоси англисӣ – хитоии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик.

ҶОЙИ ДУЮМ
 Абдукаримов Маҳмадсалим Файзуллоевич – доктори илмҳои физика ва математика, дотсент, мудири кафедраи математикаи ҳисобарорӣ ва механикаи факултети механика ва математика, аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм байни омӯзгорону кормандон;

– Раҳматшозода Комрон – донишҷӯйи курси 1 – уми ихтисоси забоншиносӣ ва технологияҳои нави иттилоотии факултети филология, аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик.

ҶОЙИ СЕЮМ
– Назирова Паринамоҳ – донишҷӯйи курси 2 – юми ихтисоси филологияи тоҷики факултети филология, аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикӣ;

– Шоҳрухи Ҷумъамурод – донишҷӯйи курси 3 – юми ихтисоси информатикаи факултети механика ва математика, аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик;

– Хуҷамқулова Шукрона Абдурашидовна – донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ, аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон.


ҶОЙИ ИФТИХОРӢ
– Саидзода Нозанин – донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср;

– Ҳаитова Мадина – магистранти курси 2-юми ихтисоси муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср;

– Носиров Амирҷон – донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси корманди адабии факултети филология, аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм;

– Мирзозода Сайфиддин Илёсиддин – хонандаи синфи 5-уми литсейи назди ДМТ, аз рӯйи номинатсияи адабиети муосир тоҷик.

Инчунин, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насриддинзода Э.С. дар маросими қадрдонии иштирокчиёни мазкур иштирок намуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукотро супориданд.