ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – АМАЛИСОЗИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

51

Таҳти чунин унвон имрӯз (03.12.2024) бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Қабл аз баргузории ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ меҳмонон аз намоиши оростаи Донишгоҳ, ки аз дастовардҳои илмию таълимӣ ва эҷодии устодону кормандони Донишгоҳ иборат буд, боздид намуданд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт.

Ректори Донишгоҳ зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки бо ташаббус ва роҳнамоиҳои дурандешонаи Пешвои миллат 10-уми декабри соли 1994 дар ҳаёти сиёсии мамлакат таҳаввулоти бузурги тақдирсоз барои сарҷамъии миллат, ваҳдату ягонагии халқ, суботу оромии кишвар ва ҳамрайъии мардуми ин сарзамин ба вуқуъ пайваст. Яъне дар ин санаи басо муқаддас бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд гардид.

Хидмати бузург ва арзишманди Пешвои миллат ҷиҳати таъсиси ин ҳизби мардумӣ дар он аст, ки новобаста аз вазъи мураккаби замон, дар андешаи бунёди ҳизби халқие буданд, ки тавонад мардуми мамлакат, яъне аз шаҳрванди қаторӣ то олимону донишмандон, коршиносону сиёсатмадоронро муттаҳид сохта, барои зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони кишвар саҳму талош варзанд.

Сипас мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи марказии ҲХДТ Ширинбекзода Садриддин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созанда бо татбиқи ҳадафҳои барномавии худ дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ пайваста саҳм гузошта, шаҳрвандонро ба созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии мамлакат сафарбар менамояд».

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода афзуд, ки талошу пайкорҳои пайвастаи Раиси муаззами ҲХДТ буд, ки новобаста аз шароити бисёр ҳассосу хатарнок бо мақсади наҷоти миллат Истиқлоли тоҷикон ҳифз карда шуд. Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои тақдирсоз ба ҳайси наҷотбахши миллату давлати тоҷикон баромад намуда, тамоми ҷомеаро пеш аз ҳама, ба ваҳдату муттаҳидӣ даъват намуданд.

Дар идома инчунин, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сафарализода Хуҷамурод Қуддусӣ ва номзади илмҳои филология, дотсент Рустам Наботӣ марӯза намуда, зикр намуданд, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату Ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ нақши хеле калон дорад. Таҷриба нишон дод, ки ҲХДТ ба мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат табдил ёфта, ба сифати заминаи асосии омода намудани мутахассисони донишманди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ баромад карда, барои рушду тарақиёти Ватани азизамон нақши арзандаи худро мегузорад.

Таъкид гардид, ки ҲХДТ тайи 30 соли сипаришуда садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии истиқлолу озодӣ, демократия, волоияти қонун ва баробарҳуқуқӣ собит намуда, то ба имрӯз барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ гардонида истодааст.

Дар идомаи ҳамоиши сиёсӣ – фарҳангӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ ва ҳунармандони шинохтаи кишвар бо суруду таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида намуданд.

Ҳамзамон, дар охир як қатор кормандону омӯзгорони Донишгоҳ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ сарфароз гардиданд.