ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ ДАР “ОЗМУНИ ЭССЕ” ОИД БА ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТӢ

170

Имрӯз, дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони “Озмуни эссе” оид ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғолибону ҷоизадорони Озмун иштирок намуданд.

Дар Озмуни мазкур дар маҷмуъ 85 эссе аз 13 макотиби олӣ пешниҳод гардид, ки аз ин шумора 34 нафар иштирокчиёнро донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Озмуни мазкур дар ҳошияи 75-умин солгарди қабули Конвенсияҳои Женева ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ва дар шарикӣ бо Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.

Боиси хушнудист, ки 2 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо қарори комиссияи озмунӣ сазовори ҷойҳои 1 ва 2 гардиданд. Инҳо Ҳалимова Мадина – донишҷӯйи соли 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ (сазовори ҷойи 1) ва Савзаализода Бузургмеҳр – донишҷӯйи соли 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ (сазовори ҷойи 2) мебошанд.

Ғолибони озмун бо диплом, ҷом ва туҳфаҳои қимматнок қадрдонӣ гардида, тамоми иштирокчиёни озмун барои иштироки фаъолона бо шаҳодатномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамакнун, пас аз ҷамъбасти Озмун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи шумораи иштирокчиён ва ғолибон миёни тамоми муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор гирифт.