Ҷиҳати таҳкими тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби арзишҳои маънавӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон имрӯз (19.12.2024) вохӯрии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ, аз ҷума донишҷӯёне, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуда буданд, баргузор шуд.
Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба аҳамияти тарбияи ватандӯстӣ ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳар суханрониашон таъкид менамоянд ва дар ин самт ташаббусҳои беназирро роҳандозӣ мекунанд.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки тарбияи ватандӯстии ҷавонон раванди ташаккули муҳаббат, эҳтиром ва садоқат ба Ватан, таърих, фарҳанг, анъана ва арзишҳои он дарзамири ҷавонон мебошад. Тарбияи ватандӯстӣ ба он нигаронида шудааст, ки насли ҷавон мансубияти миллати худро дарк намояд, барои некуаҳволии он масъулият ҳис кунад ва фаъолнокии шаҳрвандӣ дошта бошад.
Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбаранда дар ҷомеаи муосир нақши муҳим дошта, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ иштироки нишонрас доранд. Ҳамзамон, таҳкими зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро кафили таъмини амнияти шаҳрвандон унвон намуда, аз ҷавонон-донишҷӯён даъват карда шуд, ки баҳри ҳифзи манфиати миллӣ саҳмгузор бошанд.
Дар зимн аз ҷониби Кумитаи тадорукот ҷавонони саодатманд бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Вохӯрӣ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ ба охир расид.