Бахши идоракунӣ ва дарёфти лоиҳаҳо яке аз сохторҳои калидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки он дар самти дарёфти грантҳо ва татбиқи барномаҳои байналмилалӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Бахши мазкур таваҷҷуҳи худро ба таҳия намудани лоиҳаҳо, пешниҳоди дархостҳои лоиҳавӣ, ҷустуҷӯ ва дарёфти эълони шарикони рушд оид ба маблағгузорӣ дар самти таълим, илм ва тадқиқот равона намудааст. Ҳамин аст, ки соли сипаригашта лоиҳаи “Бартараф кардани нигарониҳои экологӣ, ниёзҳои ҷомеа ва идоракунии хуб дар бахшҳои маориф ва шуғли Осиёи Марказӣ” (“Bridging Environmental Concerns, Societal Needs, and Good Governance in Central Asian Education and Employment Sectors”) ба даст овард.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодии минтақаҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамзамон, муттаҳид кардани равандҳои таҳсилотӣ, шуғл ва идоракунии устувор барои мусоидат ба рушди устувори ҷомеа мақсади дигари лоиҳа мебошад.
Дар доираи ин лоиҳа вохӯрии нахустин шарикон санаҳои 21-23-юми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Генуяи Италия баргузор гашта истодааст. Дар вохӯрии мазкур намояндагони Донишгоҳи миллӣ – Мирзозода П.З. ва Ҳакимова М.Ф. иштирок доранд.
Гуфта мешавад, ки зимни вохӯриҳо масъалаҳои кории лоиҳа, вазифаҳо, муҳлати иҷро, натиҷаҳо ва масъалаҳои молиявию амалии лоиҳа, инчунин, таҳияи барномаи магистрии 2 сола дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ёдрас мешавем, ки лоиҳа дар Донишгоҳ охири соли 2024 оғоз ёфта,то соли 2027 идома меёбад.