Дар шаҳри Душанбе тренинг барои журналистон ва блогерон дар мавзуи “Тарзи дурусти инъикоси масъалаҳои марбут ба экстремизм дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ” баргузор гардид.
Дар шароити ҷаҳони муосир нақши ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар пешгирии ифротгароӣ ва ташаккули тафаккури солими ҷомеа, махсусан ҷавонон, аҳамияти бештар пайдо мекунад. Бо дарназардошти ин, тренинг бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Даст ба даст”, радиои “Ватан” ва дастгирии сафорати ИМАдар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти тренинг иштирокчиён имкони омӯзиш бо коршиноси маъруфи амрикоӣ ва муҳаққиқи Осиёи Марказиро доштанд, ки таҷриба ва усулҳои пешрафтаро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд. Ҳамчунин, иштирокчиён бо принсипҳои сохтани контент, ки ба пешгирии ифротгароӣ ва ҳифзи ҷомеа равона шудааст, шинос шуданд.
Барномаи тренинг тавсияҳои муфид оид ба кор бо мавзуъҳои ҳассос, ба мисли экстремизм ва хушунат, бо риояи талаботи касбиро дар бар гирифт. Ғайр аз ин, тамоюлҳои муосири пахши иттилоот тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои коҳиш додани хатари паҳншавии идеологияҳои ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ин тренинг як платформаи муҳими омӯзишӣ барои журналистон ва блогерон гардид, ки ба онҳо имкон дод малакаҳои лозимаро барои кор бо мавзуъҳои ҳассос тақвият диҳанд ва саҳми худро дар пешгирии ифротгароӣ ва таҳкими тафаккури солими ҷомеа гузоранд.
Ашуралиева Шаҳзода, корманди Маркази иттилоотӣ-таҳлилии ДМТ, иштирокчии тренинг