Боиси ифтихору хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои муқаддаси ниёгон – Меҳргон, Сада, Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълом дошта, барои ҷашнгирии бошукӯҳи онҳо талоши самимӣ меварзад. Маҳз аз самари сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат ва бо шарофати Истиқлоли давлатӣ иди Сада аз нав эҳё гардид ва таҷлили ҳамасолаи он дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир мегардад.
Имрӯз (01.02.2025) дар Донишгоҳ ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳангу тамаддуни миллӣ чорабинии бошукуҳи идона бахшида ба Ҷашни Сада дар мавзуи «Сада – рамзи фарҳанги миллии тоҷикон» доир шуд, ки дар он ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, дар намошигоҳи чорабинӣ гӯшаеро ба ин муносибат тартибу оро доданд.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ ректори Донишгоҳ устодону донишҷӯёнро ба ин санаи фархунда шодбош намуда, зикр карданд, ки боиси ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Миллати тоҷик бо фарҳангу тамаддуни бою ғанӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳи хоса дорад. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, амсоли Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Дар зимн доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ Раҳмонов Равшан ва доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи ботаникаи факултети билогияи ДМТ Раҳимов Сафарбек суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ҳамфарҳанг номинаҳои «Ҷашни Сада», «Анъанаи бофтани атласу адрас» ва «Тазҳиб – санъати зарҳалкорӣ» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷӯёни факултети филология сурат гирифт. Ҳамзамон, аз ҷониби ҳунармандони шинохта ва ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ барномаи ҷолиби консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеъру тарона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/475796893_1046609494149357_7877275029280301336_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476041790_1046610870815886_7551746868346771065_n-1024x742.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/475807420_1046609767482663_946166092011852634_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/475738939_1046609730816000_9182200362529642411_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/475854488_1046609897482650_6331393122523467096_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/475891855_1046609614149345_4190757308095416969_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/475995108_1046609457482694_3813359203806174847_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/474809338_1046610214149285_7432775694506123233_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/474777053_1046610177482622_7339106753892786466_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/475319402_1046610137482626_5105472640232441549_n-1024x683.jpg)