Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии амалҳои номатлуби ифротгароӣ, эҳтироми ҳамдигар, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки имрӯз (10.02.2025) зимни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо донишҷӯёни факултетҳои механикаю математика, физика, геология, биология баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамоиш дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкимми пояҳои давлатдории миллӣ» доир шуд.
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/477373485_1053107370166236_4548914076395232085_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476968185_1053105903499716_4766365393856703647_n-1024x683.jpg)
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Д., муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон Раҳимзода Ш., муовини аввали сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Собирзода А., сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Р., мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД шаҳри Душанбе Аҳтамзода А. ва дигар намояндагони ҳифзи ҳуқуқи кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. иброз дошт, ки тарбияи шахсиятҳои донишвару ватандӯст, соҳибкасбу ҳунарманд вазифаи аввалиндараҷаи мактабу маориф мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳим тамоми чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476881732_1053105676833072_6110156724846080786_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476865340_1053105673499739_2950175308989132526_n-1024x683.jpg)
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор диҳем».
Зимнан таъкид гардид, ки дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас аз афзалияти сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. «Ватандӯстӣ – маънои дӯст доштани Ватан-Модар, муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудан аз душман ва содиқона хизмат кардан, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад», -гуфта шуд дар ҳамоиш.
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476619859_1053106046833035_1476555365283266516_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476665874_1053107373499569_6298697505478816240_n-1024x683.jpg)
Ҳамзамон, аз ҳар ҷавони ватандӯсту хештаншинос, махсусан донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки саҳм гузоштан дар ободиву созандагӣ, пешрафту шукуфоӣ ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудани давлати азизамон -Тоҷикистон аз ҳар ҷавони худогоҳ ва донишҷӯи заковатманд вобастагии калон дорад. Зимнан баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, роҳ надодан ба хурофоту бегопарастӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллии наврасон ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид гарданд.