САФИРИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

23

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистон имрӯз (25.02.2025) муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ, профессор Ғаффорзода И.Ғ. бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Аймират Кочмурадов мулоқот намуданд.

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти худро сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аймират Кочмурадов қавӣ намудани ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуд.

Зимнан намояндагони Донишгоҳ доир ба сохтор ва ҳайати устодону кормандон, зарфият ва имкониятҳо, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маълумот дода, зикр карданд, ки дар ДМТ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода менамояд ва ҳамкориҳо бо сохторҳои илмию таълимии хориҷи кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад.

Диққати меҳмон бештар дар самти баргузории ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва табодули устодону донишҷӯён ҷалб шуд. Гуфта шуд, ки дар робита ба ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркманистон ҷиҳати баргузории нишастҳои илмӣ ҳамкориҳо густариш ёбанд.

Зимнан сафири муҳтарам Аймират Кочмурадов бо донишҷӯёни Туркманистон, ки айни ҳол дар Донишгоҳ таҳсил доранд аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.

Баъд аз шиносоӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат дар толори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳ дар доираи эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод” бо роҳбарии сафир рӯнамоии китоби нави Президенти Туркманистон, муҳтарам Сердар Бердимуҳаммедов “Махтумқулӣ – мутафаккири ҷаҳон” доир гардид. Рӯнамоӣ дар доираи қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод”, ки аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Туркманистон пешбинӣ гардид, гузаронида шуд.

Дар рӯнамоӣ гуфта шуд, ки Тоҷикистон ҷонибдории ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Туркманистон, ки ба таҳкими сулҳу субот, муколама ва рушди устувор мусоидат мекунанд, мебошад.