
Сафири Ҷумҳурии мардумии Бангладеш (қароргоҳаш дар Ҷумҳурии Узбекистон) доктор Муҳаммад Монирул Ислом зимни ташрифи худ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои илмию таълимии Бангладешу Тоҷикистон сухан намуда, таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷонибаро ҳадафи ташриф донист.
Муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ташрифи меҳмони олиқадрро ба Донишгоҳ ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои илмиву таълимӣ муҳим арзёбӣ намуда, баён дошт, ки Донишгоҳ омода аст бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии мардумии Бангладеш ҳамкорӣ намуда, табодул ва таҷрибаи хешро дар ин самт вусъат диҳад.

Сафир дар навбати худ роҷеъ ба рушди марказҳои илмию таълимии кишвари хеш суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки ҳамкориҳо дар самти илмию таълимӣ такмил дода шавад.
Зимнан меҳмонони олиқадр аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуд.