
Имрӯз (26.03.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи ташаббусҳои инсондӯстона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмӣ таҳти унвонии «Ташаббуси шоиста ва инсондӯстонаи Пешвои миллат – заминаи эҳёи арзишҳои миллию таърихӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки дар меҳвари давлатдорию давлатсозии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандаву инсонмеҳварона дили ҳазорон сокинони сайёраро тасхир намуда, ҳамчун роҳбари мардумӣ, раиятпарвар ва шахсияти инсондӯст шинохта мешавад. Гуфта шуд, ки яке аз чунин ташаббусҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бахшиши ҷазои шахсоне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд», мебошад. Ин Фармон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз ва дар асоси принсипи инсондӯстӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, тибқи он ҷазои 897 нафар бахшида шуд.

Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иштирок намуда, зимнан иброз дошт, ки таҷрибаи давлатдории Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз солҳои аввали ба сари қудрат омаданашон тамоми ташаббусҳои созандаву инсонпарваронаи ӯро собит месозанд. Аз ҷумла, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, баргардонидани муҳоҷирон ба Ватан, барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ, авф ва бахшиши шахсони ҷиноятсодиркарда далели гуфтаҳои болост. Ваҳдату осоиштагӣ ва сулҳи сартосарии Тоҷикистони азиз ҳам, ки бо тай намудани душвориҳои зиёд ва ба харҷ додани талошҳои бешумор ба даст омадаанд, ба корномаи шахсияти намоёни сиёсати ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд.
Дар зимн таъкид шуд, ки бахшиши ҷазо яке аз падидаҳои муҳимми сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати роҳандозии принсипи инсондӯстӣ дар меҳвари сиёсати давлат ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
Дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ Тақдиршоҳ Шарипов оид ба “Табиати ҳуқуқии бахшиши ҷазо”, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ Амриддин Шарипов доир ба “Арзишҳои инсондӯстӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Пешвои миллат”, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ Фирдавс Мирзоахмедов доир ба “Авф ва бахшиши ҷазо: умумият ва фарқияти онҳо аз якдигар”, инчунин, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърих Беҳрӯз Неъмонов оид ба “Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои мардумӣ ва раиятпарвар” маърӯза намуданд.