ҶАЛБИ ХАТМКУНАНДАГОН БА САФИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ

129

Имрӯз (08.04.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби хатмкунандагони Донишгоҳ ба сафи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии масъулини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо устодон ва донишҷӯён-хатмкунандагони Донишгоҳ баргузор гардид. Дар рафти суҳбат, масъулони Қӯшунҳои сарҳадӣ роҷеъ ба фаъолият ва вазифаҳои муҳимми қӯшунҳо изҳори назар намуданд. Онҳо таъкид карданд, ки таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон на танҳо омили муҳим барои таъмини бақо ва пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи сарҳадот мебошад, балки нишонаи возеҳи истиқлолияти комили сиёсии давлатдории тоҷикон низ ба шумор меравад.

Илова бар ин, гуфта шуд, ки марзбонони тоҷик ҳамеша амиқан дарк мекунанд, ки пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки асосан тавассути сарҳадҳо амал меоянд, яке аз роҳҳои асосии таъмини зиндагии осоиштаи мардуми кишвар ва минтақа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат аз замонҳои аввали таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ то имрӯз тадбирҳои зиёдеро ҷиҳати таъмин кардани заминаҳои муосир барои меъёрҳои ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду навсозии инфрасохтори сарҳадӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа амалӣ намудааст.