МУСОБИҚАИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

60

Имрӯз (16.04.2025) ба ифтихори Рӯзи пойтахт – шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи миллӣ мусобиқаи гӯштини миллӣ миёни донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ гузаронида шуд.

Мусобиқа дар Маҷмааи варзишии ДМТ, воқеъ дар Шаҳраки донишҷӯён баргузор гардида, дар он донишҷӯён дар вазнҳои 65 кг, 71 кг, 86 кг ва 88 кг қувваозмоӣ намуданд. Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманд аз ҷониби раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Ҳадафи аз гузаронидани ин мусобиқаҳои варзишӣ- ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии донишҷӯён ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахт – шаҳри Душанбе мебошад.