
Имрӯз, 24-уми апрели соли 2025, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Беларус, муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим, муҳтарам Раҷабзода Ф.ва декани факултети муштараки ДМТ бо МТО таҳсилоти олии Белорус – Одиназода С. бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии информатика ва радиотехникаи Белорус (ДДИРБ) вохӯрӣ анҷом доданд.
Дар рафти мулоқот, ки бо ноиби ректор оид ба таълими ДДИРБ Виктор Александрович Рибак ва намояндагони раёсати таълими Донишгоҳи мазкур баргузор гардид, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ ва таълимӣ мубодилаи афкор намуданд.
Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ дурнамо ва имкониятҳои густариши табодули академӣ миёни донишҷӯёну устодони ҳарду Донишгоҳ, роҳандозии барномаҳои муштараки таҳсилоти олӣ, баргузор намудани конференсияҳои байналмилалӣ, семинару курсҳои омӯзишӣ ва таҳкими пойгоҳи моддӣ-техникии факултети муштарак мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зимнан ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки робитаҳои байни ДМТ ва ДДИРБ дар оянда боз ҳам рушд хоҳанд ёфт. Вохӯрӣ бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ анҷом пазируфт.