«ШОҲНОМА» – МАНБАИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

23

Имрӯз (28.04.2025) бо ибтикори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи «Шоҳнома» ҳамчун рамзи ҳуввияти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Конференсия дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдими «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба ҳар хонаводаи мамлакат гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва пахши суханронии Пешвои миллат зимни баргузории Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфт. Сипас, декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳамосаи беназиру безаволи миллии мо аст, ки ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «он танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст».

Зимнан, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Маҷидзода Д. доир ба шуҳрату эътибори Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ сухан карда, афзуд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ҳамчун асари қаҳрамонӣ шуҳрати ҷовидонӣ касб намуда, оид ба мавзуъҳои пандуахлоқӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, некию накӯкорӣ, ростгӯйӣ, донишу хирад, ҳифзи ватан ва муҳаббат ба он таъкидҳои зиёд намудааст. Ба ақидаи шоир, некию накӯкорӣ яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ӯ тавассути ин асари безавол ба аҳли башар тавсия додааст, ки ба ҳамдигар меҳрубон бошанд ва танҳо некӣ кунанд, зеро амали нек ҷовидонӣ аст.

Дар индоми конференсия намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Каримзода Р. иброз дошт, ки «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бузургтарин асари бадеӣ аст, ки саршор аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ мебошад. Он зери нуфузи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ, истиқлолҷӯӣ ва фарҳанги бузурги Ориёи паҳновар навишта шудааст ва ифтихори миллии тоҷикон-эрониёнро бо эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии мардум пайваст сохтааст. Ватан ва васфи он шарифтарин ғоя барои мардуми бузурги бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик аст.

Иқдоми беназир ва таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба интишор ва ба ҳамаи оилаҳо тақсим намудани асари оламшумули ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» қадами навбатӣ дар роҳи худшиносии миллӣ арзёбӣ мегардад. Ҳарчанд «Шоҳнома» то ин замон низ дар байни мардуми фарҳангсолори тоҷик зиндаву ҷовид буд, вале ба ҳар хонадон тақдим гардидани он аз ҷониби Роҳбари давлат, қабл аз ҳама, ҳисси ватандӯстии мардумро зиёда мегардонад.

Дар идомаи конференсия профессори факултети филология Мисбоҳиддини Нарсиқул дар мавзуи «Иқдоми бесобиқаи Пешвои миллат дар нашри «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» ва дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳ Рустам Наботӣ оид ба мавзуи «Нақши «Шоҳнома» –и Фирдавсӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ» суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ қироати порчаҳои шеърии “Шоҳнома” пешниҳод гардид. Инчунин, зумрае аз омӯзгорони Донишгоҳ бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд. Зимнан барномаи фаҳангии Ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.