
Имрӯз (10.05.2025) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ барои солҳои 2025–2030, ки “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидаанд, Форуми ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Татбиқи назария дар амалия: ҳамгироии илм бо истеҳсолот дар раванди рақамикунонӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар кори форум намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳои истеҳсолӣ, донишҷӯён ва ҷавонони навовар ширкат варзиданд.


Дар оғози форум намоиши дастовардҳои илмию истеҳсолии Донишгоҳи миллӣ ва чанде аз муассисаҳои таълимию илмӣ пешкаши меҳмонон гардонида шуд. Сипас дар бахши ифтитоҳии форум, ки дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо садо додани Суруди миллӣ баргузор шуд, намояндагони сохторҳои болозикр иштирок ва суханронӣ карданд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С.М., зимни сухани муқаддимавӣ иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръати равандҳои илмиву технологӣ ва рақобати афзояндаи иқтисодӣ, ҳамгироии воқеии илм ва истеҳсолот, истифодаи самараноки натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва татбиқи инноватсияҳо ба яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати рушди устувор табдил ёфтааст.
Эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон бо боварӣ роҳи ҷомеаи донишбунёд ва иқтисоди рақамиро интихоб намудааст. Бинобар ин, баргузории форуми имрӯза на танҳо як чорабинии илмӣ, балки минбари муҳимми муколамаи самаранок миёни донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва сохторҳои давлатӣ мебошад.


Ҳамин тавр мудири бахши маориф ва илми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувватзода С., сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода А., муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода А., муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бодуршозода М., муовини Раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршедаи Қ., дотсенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идора Раҳмонов Ҷ. ва дотсенти кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ Сулаймонов Ф., суханронӣ намуданд.
Форум дар фазои ҳамкории созанда баргузор гардида, масъалаҳои мавриди назар дар се бахши алоҳида бо иштироки мутахассисон ва намояндагони сохторҳои дахлдор муҳокима гардиданд. Бахши аввал “Ҳамгироии илм ва истеҳсолот: мушкилот ва дурнамо” ном гирифта буд. Дар ин бахш иштирокчиён ба баррасии ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии ҳамгироии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳо ба истеҳсолот пардохтанд. Зикр гардид, ки набудани робитаи мунтазам ва самаранок байни таҳқиқоти илмӣ ва истеҳсолот яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар татбиқи муассири инноватсияҳо мебошад.
Бахши дуюм “Нақши рақамикунонӣ ва инноватсия дар пешрафти илму истеҳсолот” буд, ки масъалаи рақамикунонӣ ҳамчун муҳаррики асосии рушди илм ва истеҳсолоти муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар бахши сеюм, ки “Ҳифзи моликияти зеҳнӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварон” ном гирифта буд, яке аз самтҳои муҳим – ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ ва пуштибонӣ аз ихтироъкорон ва навоварон баррасӣ шуд. Таҳлил гардид, ки бо вуҷуди афзоиши ихтироъҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, сатҳи ҳифз ва тиҷоратии онҳо ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.
Дар анҷоми форум Изҳорот қабул гардид, ки дар он як қатор ташаббусҳо ва пешниҳодҳо барои татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар самти иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ироа шуданд. Аз ҷумла ташкили шабакаи ҳамкориҳои доимӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва истеҳсолӣ, роҳандозии платформаҳои рақамии ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба, инчунин, ҳавасмандгардонии соҳибкорони инноватсионӣ ва эҷоди муҳити мусоиди ҳуқуқӣ.
Ҳамзамон, дар доираи форум байни як қатор муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корхонаҳои саноатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки татбиқи муштараки лоиҳаҳои илмӣ-амалӣ, таҷрибаомӯзӣ ва мубодилаи иттилоотиро пешбинӣ мекунанд.
Форуми мазкур боиси тақвияти ҳамкориҳои байни бахшҳо ва заминаи воқеӣ барои татбиқи назария дар амалия гардида, як иқдоми муҳим дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва илму истеҳсолот ба шумор меравад.